83138 2-40-07

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ " ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР " ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР ШАҲРИ НОРАК.

Норак: Созандагони ватан  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Субҳи имрӯз гирду атрофи кӯли комсомоли шаҳри Норак аз ҷониби мураббиён ва варзишгарони мактаби варзишии -1 дар шаҳри Норак Аксияи ҳизбии "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" баргузор гардид.

Бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва варзишгарон гирду атрофи варзишгоҳ аз алафҳо ва партовҳо тоза карда шуд.