Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омўзиши ҳама ҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Буданд омилҳое, ки барои шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву тундгаро мусоидат карданд. Аз фазои холии идеологӣ. надоштани маълумоти ибтидоӣ, маърифати динӣ, бесаводӣ, надоштани ихтисос, истифода бурда, фирефтаи суханҳои бардурӯғи шахсони ифротӣ гардиданд.
Хоини миллати тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин дар хориҷи кишвар бо супориш ва дастури хоҷагони хеш кӯшиш намуда истодааст, ки ҷавонон ва мардум ба хусус муҳоҷирони меҳнатиро гумроҳ намуда, тавассути онҳо амалҳои разилонаи хешро иҷро намояд. Ҳарчанд душман ва хиёнаткори халқи тоҷик чун Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони вай мехоҳанд шаъну шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон паст созанд, лекин бояд гуфт, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ расида наметавонанд. Муҳаммадиқболи Садриддин шахсе, ки ӯро модари тоҷик зодаасту дар сарзамини халқи тоҷик ба воя расида, нону намаки Тоҷикистонро хӯрдааст, имрӯз хиёнат ба Ватан, Модар ва мардуми тоҷик кардааст. Дар симои Муҳаммадиқбол мо шахси беватан, беномус ва бешарафро мебинем, ки ба воситаи баромадҳои пай дар пайи ошӯбангез ҷавонони барӯмандро ба доми найранги худ кашида, шаъну шарафи халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳон паст зада истодааст.
Амалҳои ноҷавонмардонаи террористонро маҳкум намуда, намегузорем, ки якчанд нафари гумроҳе теша бар решаи мо зананд. Вақти он расиааст, ки мо сари он андеша намоем, ки як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад, ки дар танҳоӣ алайҳи зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ мубориза баранд. Ин масъулиятро мо бояд ба хубӣ дарк намоем. Ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯстро лозим аст, ки даст ба дасти ҳам диҳем ва дар ҳамбастагӣ ҷавонони гумроҳро аз ин зулмот раҳо дода, то шоҳроҳи Истиқлолияту Ваҳдат раҳнамоӣ кунем. Муборизаро дар ин роҳ бо баргузории вохӯрию сӯҳбатҳо, корҳои таблиғотӣ, тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ, сӯҳбатҳои инфиродӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ бештар созем.
Мо вазифадорем, ки худ намунаи ибрати дигарон бошем. Нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, ҷавонони кишварро баҳри ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон ҳидоят созем. Пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонапараст ва хиёнаткор бигирем. Пос доштани арзишҳои миллиро ба онҳо фаҳмонем, то воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошанд.
Моро мебояд дар якҷоягӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, уламони дини ноҳия, маорифчиён, раисони ҷамоату маҳалҳо,раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаъолон, шахсони обрӯманди деҳаҳо ва ноҳия ва падару модарон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию эктремистӣ хотима бахшида, бозгашти шаҳрвандоне, ки дар таҳсилоти ғайрирасмӣ қарор доранд,таъмин намуда, ҳар як ҷавони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаро зери назорат гирифта, содиршавии ҷиноятҳои террористиро дар ноҳия ва дар умум дар ҷумҳурӣ пешгирӣ намоем. Ҷавонони барӯманди тоҷикро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, Худогоҳии миллӣ, меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан-Модар тарбия намуда, онҳоро дар роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят бояд намуд, то ки онҳо дар зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистон ба пеш!»-ро шиори худ карда,баҳри пешрафти кишвари азизамон ва боз ҳам ободу зебо гардонидани он саҳми худро гузоранд.
Шаҳло Ҳасанзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак