83138 2-40-07

Бар зидди ташкилоти террористӣ ва экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом мубориза мебарем!

Норак: Вокуниш  

Душманону нотавонбинони миллатӣ мо дар зери нотаи нотавонӣ, фитнаангезӣ, бӯҳтон ва дӯруғафкани бо мақсади ғазби ҳокимияти қонунӣ истифода карда, ба шуури созандаи мардум хусусан ҷавонони саодатманди ин миллати куҳанбунёд, ки пайравони асилу воқеъи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, мехоҳанд доғ ворид кунанд. Аммо бехабар аз оннанд, ки тирашон кайҳо шикаст хурдааст.

Мо ҷавонони зодаи даврони Истиқлолият дар фазои сулху осоиш кору фаъолият намуда бар зидди ташкилоти террористи ва экстремисти собиқ Ҳизби наҳзати исломро, ки имрӯз бо номи “ Паймони милли” ва андешаҳои муғризонаи роҳбари ташкилоти террористи экстремисти Хизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ муборизаи беамон мебарем. Хар як баромад андешаи беаклона ва иғво барангезии онхоро мо шадидан маҳкум мекунем. Намегузорем, ки як хоини миллат аз хориҷи кишвар истода бо ҳаммаслакони худ халқи моро бо ҳар дасисаандозиҳои беасос ба худ ҷалб намояд. Бо иттиҳомоти бар дурӯғ бадном намудани пояҳои давлатдории миллӣ, тавассути имкониятҳои хоҷагони хориҷӣ худ мехоҳанд ба мақсади нопоки худ бирасанд.

Мо ҷавононро зарур аст, ки зираки сиёсиро аз даст надода ҳамеша дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллатро сармашқи кории худ намуда, даст дасти ҳамдигар шуда намегузорем, ки чунин хоинони миллат мардуми моро ба гумроҳи андозанд.

Хоинони миллат бояд донанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳ ва сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат мебошад.

Мавзуна Абдуллоева, Аъзои  ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Фарҳанг”  дар  шаҳри  Норак