Санаи 15 сентябри соли ҷорӣ мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Боев Умед аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ” дидан намуд
Зимни боздид мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Боев Умед аз ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Заводи таҷрибавӣ-механикӣ” дидан намуда, ба раванди ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр шинос шуда, оид ба бартараф намудан камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамзамон таъкид намуданд, ки тартиби бақайдгирии узви ҳизб мувофиқи “Низомнома оид ба тартиби бақайдгириии узви ҲХДТ” ба роҳ монда шавад ва ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот тибқи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.