83138 2-40-07

ДИДАН НАМУДАН АЗ ҲУҶҶАТГУЗОРИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Норак:  

Санаи 15 сентябри соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Туғмазор" (МТМУ-и  №8)  бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Норак  Ҳасанова Наргис ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ  дар шаҳри Норак Абдукаримзода Меҳрона вохурӣ баргузор гардид

Зимни вохурӣ мудири шуъбаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанова Наргис аз ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Туғмазор"(МТМУ-и №8) дидан намуда, ба раванди ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр шинос шуда, оид ба бартараф намудан камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуд, ки тартиби бақайдгирии узви ҳизб мувофиқи “Низомнома оид ба тартиби бақайдгириии узви ҲХДТ” ба роҳ монда шавад ва ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот тибқи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.