83138 2-40-07

КӮДАКОН - ОЯНДАИ МИЛЛАТ ВА МЕВАИ УМРИ ИНСОН АСТ

Норак: Андеша  

Дар сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи насли наврас - қувваи бузурги мамлакат мақоми хосса дорад. Зеро ояндаи давлату миллат аз насли наврас вобастагии калон дорад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 баён намуда буданд “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”.Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбати кӯдакон муқарраршуда, яке аз онҳо ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад.

Ҳамасола 1 июн дар саросари олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин конвенсия мавриди амал қарор дорад ва корҳои зиёде дар ин самт амалӣ мегарданд.

Бояд қайд намуд, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо хамчун пояи асосии ояндасози миллат, аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад.

Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳар як шахси аз 18 сола хурд кӯдак ба ҳисоб меравад. Бештар аз 30 дар сади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо барои Ҷумҳурӣ захираҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд, бинобар ин давлат барои муҳайё намудани шароитҳои беҳтарин барои кўдакон саъю талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад, ки ин амал боиси шодӣ ва хушбахтии кӯдакону насли наврас мебошад.

Шодии насли навраси имрӯзаро дида, ба хулосае меоем, ки ҳамаи инҳо тантанаи сиёсати оқилонаи Президенти кишвар дар тарбияи насли наврас аст. Ин аст рисолати падарона ба насли наврас, ғамхорӣ кардану меҳру саховати худро аз онҳо дареғ надоштан. Барои ҳамин ҳам насли наврас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медоранд ва бо ғуруру ифтихор “падар ва ё бобои мо” мегӯянд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи кӯдакони ҷаҳонро бо Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон, ки 1-июн ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфта, ба ҳамаашон осмони софу беғубор, хушбахтӣ ва саломатӣ хоҳонам.Аз модарон хоҳиш карда мешавад,ки барои тарбия намудани ин ганҷинаи бебаҳо ҷидди муносибат намоянд.

Зуҳро Ҳакимзода, муовини раиси шаҳри Норак