83138 2-40-07

1-УМИ ИЮН РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Норак:  

Ҳар сол рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳост.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳанӯз 62 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо - калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.

Бо ин мақсад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан санаи 30-юми майи соли ҷорӣ ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тарбиятгар” (Боғчаи кӯдаконаи № 9) ташриф оварда, ба ташкилоти мазкур 1 адад телевизори  модели  LG  ва  DVD туҳфа намуд.

Аз тарафи тарбиятгирандагони хурдакаки боғча намоиши фарҳангӣ, аз қабили шеъру суруд, рақс ва саҳначаҳои ҷолиби диққат пешниҳод карда шуд. Хурсандии онхоро ҳадду канор набуд.

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.