83138 2-40-07

Шаҳодатномаи ҳизбӣ ифтихори ман

Норак:  

Санаи 29- уми май соли 2023 раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан тибқи нақша бо қарори ташкилоти ибтидоии “Тарбиятгар” ҷиҳати аъзо шудан ба сафи ҳизб шахсони сазоворро ба сафи аъзогии ҳизб ифтихормандона пешниҳод намуд.       

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оиди қабул ба сафи ҳизбро ба расмият дароварда ба 15 нафар аъзои нав дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим намуд.

Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроия шахсони ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шударо табрик намуда, қайд намуданд, ки ҳизби мо мактаби камолоти ҷавонон буда, чун ниҳоди сиёсӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида, ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аъзои ҲХДТ будан масъулияти баланд ва боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.