83138 2-40-07

ШАНБЕГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ МО ҶАВОНОН ИН ВАТАНРО ЗЕБОВУ ХУРРАМ МЕНАМОЕМ!” БАРГУЗОР ГАРДИД

Норак: Созандагони ватан  

Бо мақсади анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкори ва сарзабзу хуррам гардонидани ҳар гушаи диёр бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар шаҳр пайваста маъракаи шанбегӣ гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад бо ҷалби аъзо, ҷонибдорони ҳизбӣ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳр дар кӯчаву хиёбонҳои маркази шаҳри Норак маъракаи шанбегӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон ин Ватанро зебову хуррам менамоем!” баргузор гардид. Дар рафти шанбегӣ аз ҷониби ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтёрон як қатор корҳои тозагию ободони ба анҷом расонида шуда, роҳраву гулгашт аз партовҳо тоза карда шуда.