Ҷалилова Сайрамбӣ Иззатуллоевна – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

Ҷалилова Сайрамбӣ  Иззатуллоевна 7-уми феврали  соли 1981 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. 

Баъд аз хатми мактаби миёна соли 1998 тибқи квотаи Президентӣ ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, дар ин давра курсҳои панҷсолаи махсуси сарварӣ, забонҳои русию англисӣ, технологияи информатсионӣ, санъати сухан ва силсилатренингҳои тарзу усулҳои роҳбариро дар Маркази таълимии «Зан-Сарвар» низ аз худ намудааст.

Ҷалилова Сайрамбӣ фаъолияти кориашро баъд аз хатми донишгоҳ, соли 2003 ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва алифбои ниёгон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Муъминобод оғоз намуда, соли 2004 ба вазифаи мутахассиси шуъбаи сертификатсияи Раёсати стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба кор таъин карда мешавад.

Солҳои 2006-2012 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Муъминобод ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёт ва ҷонишини директор фаъолият намудааст.

Аз моҳи март то сентябри соли 2013 дар вазифаҳои мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон ва аз сентябри соли 2013 то  моҳи марти соли 2015 ҳамчун сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод  кору фаъолият намудааст.

Соли 2015 ба вазифаи муовини раиси Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд таъин гардида, аз соли 2016 вазифаи мушовири кабинети методӣ дар назди Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Муъминободро бар ӯҳда дошд.

Фаъолияти хуби кории ӯро ба назар гирифта, соли 2019 ӯро ба вазифаи муовини мудири шуъбаи маориф ноҳия ва аз моҳи марти соли 2021 ҳамчун иҷрокунандаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод пешбарӣ намуданд.

Ҷалилова Сайрамбӣ аз моҳи сентябри соли 2021 инҷониб дар вазифаи муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод кору фаъолият намуда истодааст.

Ҳамчунин, Ҷалилова Сайрамбӣ дар даъвати солҳои 2015-2020 вакили Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд ва солҳои 2020-2025 бошад вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод интихоб гардида, ҳамчун вакил барои ҳал намудани мушкилоти ҷойдаштаи мардум фаъолиятҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. 

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.