АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ «СОАТИ СИЁСӢ» ДАР МТМУ №2

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод вобаста ба таъмини иҷрои  Амалиёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории «Соатҳои сиёсӣ» дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод, ташкилотҳои ибтидоӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ, кормандони шуъбаи маориф, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадарон «Соати сиёсӣ» доир карда шуд.

Дар соати сиёсӣ вобаста ба мавзӯъҳои «Тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва ҳуввияти миллӣ», «Вазъи ба вуҷудомада  дар ҳамсоякишвар- Афғонистон  ва таҳдидҳои он ба Тоҷикистон», ҳамчунин мавҷудияти низоъ миёни Тоҷикистон ва Кирғизистон бо сабабҳои воқеии он, фишангҳои муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ  ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони сини 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор суҳбату мулоқот доир карда шуд.