ҶАРАЁНИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ «СОАТҲОИ СИЁСӢ»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи Нақша – чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ва дар доираи тадбиқи Амалёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории «Соатҳои сиёсӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и Ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод бо ҷалби донишмандону  омӯзгорон ва бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорони соҳибтаҷрибаву хонандагони синфҳои болоӣ соати сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар соати сиёси масъалаҳои терроризм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, муқовимат бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ ва сабаҳои низоъ миёни Тоҷикистон ва кишвари ҳамсоя – Кирғизистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.