БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ «СОАТИ СИЁСӢ» ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи Нақша – чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ва дар доираи тадбиқи Амалиёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории соатҳои сиёсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и Ҷамоати Ш. Шоҳини ноҳияи Муъминобод вобаста ба мавзӯъҳои «Тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон ва ҳуввияти миллӣ», «Вазъи бавуҷудомада дар муносибати мо бо ҷумҳурии ҳамсоя – Кирғизистон ва таҳдидҳоу хатарҳои минтақа ба Тоҷикистон», ҳамчунин, «Фишангҳои муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ» бо ҷалби донишмандону  омӯзгорон ва бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорони соҳибтаҷрибаву хонандагони синфҳои болоӣ соати сиёсӣ баргузор карда шуд, ки дар он масъалаҳои зикршуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни вохӯрӣ бо омӯзгорону хонандагон зикр карда шуд, ки имрӯз вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки зирикии сиёсиро аз даст надода, баҳри оромию осудагӣ, пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан ҳамаеша омода бошем. Кӯшиш намоем, ки сарзамини хешро аз душман ҳифз намуда, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ бо факту далелҳои воқеӣ ҷавоб гардонем.