ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод вобаста ба баргузории чорабиниҳои варзишӣ аз ҷониби намояндагии Ташкилоти ҷаъмиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” – и вилояти Хатлон бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони марказии ноҳияи Муъминобод дар ҳамбастагӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Муъминобод мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои волейболбозӣ, шоҳмот ва шашка, вазнбардоӣ, инчунин “Рассоми беҳтарин” миёни дастаҳои гуногуни муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия доир карда шуд.

Мусобиқаҳои мазкур бо мақсади омавигардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни сокинон ҷиҳати солимии ҷомеа ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва рушти варзиш дар мамлакат роҳандозӣ карда шудааст.

Дар ин мусобиқаҳо аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Муъминобод дар ҳайати даставӣ ва фардӣ фаъолона иштирок намуда, ғолибон бо тӯҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва бахши ҷавонони ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Хонандагони синфҳи болоии муассисҳои таълимии ноҳия аз рӯйи намудҳои варзиши шашка ва шоҳмот, волейбол ва футбол фаъолмандӣ нишон дода, чеҳраҳои нави варзишгаронро муаррифӣ намуданд.

Маълум гашт, ки хонандагон ба ин намудҳои варзиш шавқи зиёд дошта, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ низ сарбаландона иштирок намуда, борҳо шараф ва номи ноҳияро баланд бардоштаанд.