МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД

Муъминобод:  

Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин ва раиси Ҷамоати шаҳраки Муъминобод Мирзошарифзода Сабоҳат дар толори Ҷамоати шаҳрак Маҷлиси ёздаҳуми вакилони Ҷамоати шаҳраки Муъминобод, даъвати сеюм баргузор гардид.

Дар кори маҷлис масъалаҳои нақшаи корӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, муроҷиатномаи Маҷлиси вакилони маҷлиси вакилони вилояти Хатлон ба мардуми вилоят, ки аз ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ба саҳми вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод расонида шуд.

Мақсад ва ҳадафи он самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, вусъат бахшидани кишти такрорӣ, захиракунии маҳсулоти озуқаворӣ дар ҳар як оила ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода мебошад.

Ҳамчунин, дар маҷлис қайд карда шуд, ки вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва болоравии нархи озуқаворӣ аз ҳар як хонавода тақозо менамояд, ки барои то 2 - сол маводи ғизоӣ захира намояд ва бо истифодаи заминҳои дар ихтиёрдошта маҳсулоти лозимаи хонаводаи хешро таъмин карда тавонад. Аз ин рӯ, аз вакилон талаб карда мешавад, ки вохӯрӣ ва суҳбатро миёни сокинон дар ин самт ҷоннок намоянд.