МО БОЯД ШУКР ГӮЕМ, КИ БА ЧУНИН РӮЗГОРИ ОРОМУ ОСУДА РАСИДАЕМ.

Муъминобод: Андеша  

 Таҷлили 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик, хусусан барои мо – ҷавонон азизу муқаддас аст, чунки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ин санаи фархунда бузургтарин дастоварди мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Гарчанде ки мо соли 1992 ба Истиқлоияти давлатӣ дастёб шуда бошем ҳам, дар кишвар нооромӣ ва ҷангу нофаҳмӣ миёни сокинон вуҷуд дошт. Ҳамагон ба ояндаи неки ин кишвар боварӣ надоштанд ва умед дар дили ҳамагон мурда буд.

Хушбахтона, бахт ба рӯйи мардуми азиятдидаву роҳгумзада таббасум карду дар дили мардум шуълаи умедро нурафшон сохт ва бар арсаи сиёсат марди асил, инсони ватандӯст ва фидоии ин Ватан Эмомалӣ Раҳмонро овард.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали роҳбарӣ ба халқи тоҷик сулҳ ваъда дод ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро пешгӯӣ кард.

Маҳз, ҷоннисорӣ ва заҳмату талошҳои бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки садди роҳи ҷанги таҳмилии шаҳвандӣ дар кишвар гирифта шавад ва оромию сулҳу суббот марҳила ба мархила роҳандозӣ гардад.

Баъди заҳмату кӯшишҳои чандинсола 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон ба имзо расид, ки ин бузургтарин падидаи сиёсӣ дар даврони истиқлолият дониста мешавад.

Баробари ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз шуд. Пешравиҳо дар соҳаи сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг ва дигар самтҳои дохилӣ сол то сол бештар гашт. Бо шарофати Пешвои миллат Тоҷикистон ҳамчун як давлати соҳибистиқлол ва рӯ ба тараққӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд.

Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки Ҳукумати кишвар аз рӯзи нахустин ба ҷавонони кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, онҳоро саҳмгузори сулҳу ваҳдат ва муаррифгари давлату миллат арзёбӣ мекунад.

Бо шарофати Истиқлоли кишвар ва Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушд ва дастгирии ҷавонон як қатор ташаббусҳои шоисат роҳандозӣ карда шуданд. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷавонони мамлакат озодона дар фазои сулҳу суббот ва оромии кишвар таҳсил намуда, баҳри беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва солим нигоҳ доштани саломатии хеш аз имкониятҳои васеъ бархурдоранд. Аз ин рӯ, мо – ҷавонони кишварро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро пойдор нигоҳ дошта, баҳри оромию осудагӣ ва пешрафту ободии ин Ватани азиз паҳлуи ҳам муттаҳид бошем ва бар зидди ҳама гуна хатару таҳдидҳо мубориза барем.

Тавре ки Президенти кишвар, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаад: «Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидаем ва сулҳу суббот, Ваҳдати миллиро бояд ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем».

 

Азимов МАЪРУФ,-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод