ҶАРАЁНИ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки масъулини корхона ва идораҳои давлатӣ дар ҷамоату деҳоти ноҳияи Муъминобод бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва муроҷиати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлонро оид ба корҳои созандагию ободонӣ ва истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, бахусус, ғаладонагиҳо, ҷамъоварии меваю сабзавот, пардохти саривақтии ҳаққи нерӯи барқ, об ва андоз инчунин, ҷиҳати тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб бо иштироки масъулини кумитаву идораҳои давлатии ноҳияи Муъминобод бо усули “Хона ба хона” вохӯриҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи вохӯрӣ бо сокинон маълум гардид, ки ҳар як оила дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, кишти такрорӣ ва захираи маводи ғизоиро барои зимистонгузаронии солҳои 2022-2023 роҳандозӣ намудаанд. Имсол бо сабаби обу ҳавои муносиб дар ноҳияи Муъминобод навъҳои гуногуни меваҷот ҳосили хуб ба бор овардааст. Аз ин рӯ, сокинони ноҳия захираи мевгӣ дар шакли консерва ва хушкро  бештар намуда истодаад.

 Ҳамчунин, аз ҷониби ҳайати корӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳи зиндагӣ ва истифодаи самараноки замину захираи маводи ғизоӣ тавсияҳои судманд дода шуд.