Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав ба истиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, азнавсозии сохтори ҳокимияти фалаҷгаштаи давлатӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард.
Қобили қайд аст, ки расидан ба сулҳусубот дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият барои Тоҷикистон басо мушкилу мураккаб буда, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии зиёд дорад.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлол дар давраи басо душвори сиёсии ҷомеа бо мақсади таъмини ҳар чи зудтари сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҳот додани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили Тоҷикистон, муҳайё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон баргузор гардида буд. Ин рӯйдоди бисёр муҳим барои ҳамаи мо Тоҷикистониён мояи ифтихор мебошад, чунки маҳз дар ҳамин иҷлосия намояндагони мардумӣ сар аз як гиребон бароварда, манфиати кишвару миллатро дар мадди аввал гузоштанд ва нақшаи минбаъдаи таҳкими сулҳу субот ва рушди кишварро тарҳрезӣ намуданд. Маҳз ҳамин анҷуман оғози ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории Тоҷикистони азиз гардиду ба ҷаҳониён хиради азалии милати тоҷик, башардӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, сулҳовариву сулҳхоҳӣ ва давлатсозии миллати тоҷикро бори дигар собит сохт. Дастоварди аз ҳама муҳими ин Иҷлосия интихоби фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун, Раиси Шӯрои олӣ буд, ки бо суханони бузурги “Ман ба Шумо сулҳ меорам” зимоми давлатсозиро ба даст гирифтанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд миллати парешонгаштаи тоҷикро атрофи сиёсати хирадмандонаи хеш ба ҳам оваранд, давлатро аз вартаи нестӣ раҳонида, дар роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд қадамҳои устувор гузоранд.
Имрӯз бо гузашти солҳо халқи тоҷик аҳамияти бузурги таърихии Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бештар дарк намуда, ба поягузорони таҳкими ҳокимияти миллӣ беш аз пеш арҷ мегузоранд.
Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки дилпурона дар шароити сулҳу ваҳдати миллӣ ба эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ шурӯъ намуда, дар ин ҷода ба муваффақиятҳои баланди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.
Сайрамбону Ҷалилзода-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод