ТОҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД

Муъминобод:  

Дар майдони Сомонии ноҳияи Муъминобод бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштроки раиси ноҳия, муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф, намояндагони мақомоти давлатӣ, аъзою ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сокинону фаъолон чорабинии бошукӯҳи идона доир карда шуд.

Сараввал, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод кулли сокинон ва фаъолони ноҳияро ба ин санаи муборак табрик намуда, иброз доштанд, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастовард ва арзишмандтарин неъмат дар даврои истиқлолият ба ҳисоб меревад. Ин дастоварди беназир Тоҷикистонро ба пешравию ободӣ ва оромию осудагии комил расонид. Маҳз, бо шарофати Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як давлати рӯ ба тараққӣ шинохта шуд ва зиндагии мардуми тоҷик сол то сол рӯ ба беҳбудӣ овард. Созандагӣ ва ободкорӣ дар саросари кишвар, хусусан, дар ноҳияи мо низ бараъло мушоҳида мегардад, ки ин ҳам аз бараки сулҳу ваҳдати пойдори Тоҷикистон сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки баҳри пойдории Ваҳдат ва истиқлоли кишвар даст ба дасти ҳам дода, мудом барои ҳифз ва пешрафти ин Ватан муттаҳид бошанд.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангири фарҳангию – фароғатӣ саршор аз сурду мусиқиҳои ватандӯстона ва шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ пешниҳод карда шуд.