БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашнҳои миллӣ корҳои созандагию ободонӣ аз ҷониби сокинону фаъолон дар ҳар шаҳру деҳот бо маром идома дорад.

Дар доираи ин иқдом бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо мақсади ҳиссагузорӣ дар пешрафту ободии диёр аз ҷониби аъзою кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони маҳаллаи “Ҷавонон”-и Ҷамоати шаҳраки Муъминобод ва дастигирию роҳнамоиҳои бевоситаи раиси ноҳия, муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф 2 км роҳи асосии маҳаллаи “Ҷавонон” ҳамвор ва сангфарш карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо ба даст овардани Ваҳдати комил дар Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ сол то сол рушд намуда, ҳар гӯшаву канори кишвари азизамон обод гашта истодааст. Ноҳияи Муъминобод низ дар тӯли 25-соли Ваҳдати миллӣ ба як қатор дастовардҳои бузург ноил гашт, ки сокинони ноҳия ин ҳама ободӣ ва бешравиро аз баракати сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ арзёбӣ мекунанд.