САНГФАРШКУНӢ ДАР ДЕҲАИ НАВОБОД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашнҳои миллӣ, хусусан таҷлил аз 35-уми солгарди Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагию ободонӣ аз ҷониби сокинону фаъолон дар ҳар шаҳру деҳот бомаром идома доранд.

Ин иқдом дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" бо мақсади ҳиссагузорӣ дар пешрафту ободии диёр аз ҷониби сокинони Ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи  Муъминобод роҳи асоси ҳамвор ва сангфарш  карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ сол то сол рушд намуда, ҳар гӯшаву канори кишвари азизамон обод гашта истодааст. Ноҳияи Муъминобод низ ба як қатор дастовардҳои бузург ноил гашт, ки саҳми сокинони ноҳия низ дар ин ҳама ободӣ ва бешравиҳо назаррас арзёбӣ карда мешавад.