ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР ДЕҲАИ ЛИҶАКИ ПОЁН

Муъминобод:  

Санаи 16-уми апрели соли  2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и ноҳия бо иштироки 63 нафар фаъолону сокинон вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардида, оид ба пешгирии бемории сироятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғон таъкидҳо карда шуд. Ҷамъомади мазкур дар асоси иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳия ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ба роҳ монда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод Ҷалилова Сайрамбӣ суханронӣ намуда, оиди муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Аз ҷониби иштирокчиён масъалаҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, иброз карда шуд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.