САҲМИ ХОНАНДАГОН ДАР АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Муъминобод: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бахшида ба таҷлили 35-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандону хонандагони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Муъминобод корҳои ободонӣ ва шанбегиҳои дастаҷамъона ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи ин иқдом бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳраки Муъминобод” ва бо иштироки хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои ҳудуди ноҳия ҳашари умуминоҳиявӣ ташкил карда шуд. Ҳашари мазкур бо мақсади тоза кардани роҳу кӯчаҳо, соҳили дарёҳо, хиёбону гулгаштҳо, ҷойҳои ҷаъмиятӣ ва атрофи корхонаю ташкилотҳои ноҳия ба роҳ монда шуда, ки гулдухтарони ноҳия бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шавқу ҳаваси зиёд шоҳроҳи марказии ноҳия, назди Қалъаи Муъминобод ва дигар муассисаҳои таълимиро тоза намуда, бо ин васила дар тозагии муҳити зист ва ободии диёр саҳмгузорӣ намуданд.