АМАЛИШАВИИ «МАКТАБИ МАН» ДАР МТМУ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод вобаста ба таъмини иҷрои Амалиёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории «Мактаби ман» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилотҳои ибтидоӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ, кормандони шуъбаи маориф ва хатмкунандагони муассисаи таълимӣ «Мактаби ман» доир карда шуд.

Дар оғози ин вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯз, хусусан, нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби хатмкунандагони ин муассиса ва падару модари хонандагон ҷиҳати ободу зебо гардонидани саҳни муасссиса ва таъмини синфхонаҳо ба ашёи лозима маблағи муайян ҷудо карда шуд.