ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

Муъминобод: Андеша  

       25-уми декабри соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд, ва дар харитаи ҷаҳон 15 давлати нав пайдо гардид, ки дар миёни ин 15 давлати навтаъсис, кишвари мо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз онҳо ба ҳисоб мерафт. Баъди дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он вақт, дар қаламрави кишвар вазъи нооромии ҳарбӣ–сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд. Тоҷикистони тозатаъсис 9-уми сентябри соли 1991 баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба таъсис ва барқарор намудани Қувваҳои Мусаллаҳи худ оғоз намуд.

       Барои ҳамагон маълум аст, ки дар ин давраи нобаробарӣ, носозгории иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар кишвар бунёдиягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, Артиши миллии мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳифзи марзу бум ва амнияти кишвар зуҳур кард.

Санаи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар дили кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

    Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз оғоз бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣдар таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашудаи ин ниҳод эътибори хос дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуд.

   Чуноне таърихи низоми ҳарбии кишвар нишон медиҳад то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд.

Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамуданд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳаи ҳарбӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамояд.

АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ХУРШЕДҶОНИ ХОЛМУРОД

.