АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР» ДАР ОРОМГОҲИ ДЕҲАИ ДУСТИ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод  дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар оромгоҳи деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод аксияи ниҳолшинониро роҳандозӣ намуданд.

Дар аксияи ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолон иштирок намуда, зиёда аз 65 адад дарахти арча шинониданд. Чунин иқдомҳо дар ҳудуди ноҳия низ бо ибтикори ҳизбиёни ноҳияи Муъминобод идома дода мешаванд.