Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд

Муъминобод: Андеша  

Тоҷикистон аз солҳои аввли соҳибистиқлолии давлатӣ сиёсатӣ сулҳхоҳонаро пеша намуда, бо созмону давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Чуноне, ки дар моддаи 11-и Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва  истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муаян мекунад». Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳои худ ба масъалаи мубориза бо экстремизм, терроризм, барқарории сулҳ дар Афғонистон, ҳаллу фасли масъалаи об дар ҷаҳон таваҷчуҳ намуда, мавқеи Тоҷикистонро нисбат ба мазӯҳои мазкур бо сароҳат баён доштааст.