ФАРЗАНДОН БЕҲТАРИН ВОСИТАИ БАҚОИ ОИЛА ВА САРЧАШМАИ АСОСИИ ХУШБАХТИИ МО МЕБОШАНД.

Муъминобод: Андеша  

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дуюми августи соли 2011 таҳти рақами №762, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат аст, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон аллакай мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст.

  Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад.

    Аз мазмун ва мундариҷаи қонуни мазкур чунин хулоса бармеояд, ки масъулияти гузоштани хишти аввалро ба ояндаи фарзандон волидон бояд доимо дар мадди назар дошта бошанд. Зеро падару модар дар ибтидои ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонибинии кӯдак нақши меҳварӣ дошта, фарзандон тамоми муносибатҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсиро бо фаҳмиши онҳо дарк мекунанд ва аз рӯи ҳамин захираҳои зеҳнӣ муносибати худро ба олами атроф муайян мекунанд. Ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо намуда, мақому нақши онҳо дар зиндагии наврас як умр боқӣ мемонад. Ба тасвиб расидани ин қонун пеш аз ҳама меъёрҳои ҳуқуқии  масъулияти волидайнро дар  таълиму тарбияи фарзанд муайян намуд.

    Мутобиқи моддаи 5-и боби 1-и Қонун «таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа» мебошад. Яъне тибқи мазмуни банди мазкур, тарбияи наврасон вазифаи танҳо падару модар нест, балки вазифаи умумиҷамъиятӣ ва ӯмумишаҳрвандӣ низ мебошад. Аз ин рӯ, новобаста аз касбу кор ҳамаи табақаҳои ҷомеа вазифадор мебошанд, на танҳо дар таълиму тарбияи фарзанд дарки масъулият кунанд, балки онро содиқона адо намоянд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Раҳимов Ф.