НАВРӮЗИ АҶАМ ЗИНДА КУНАД, ХОКИ КУҲАНРО...

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 23-уми марти соли 2024 дар майдони варзишгоҳи ноҳияи Муъминобод Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар варзишгоҳи марказии ноҳия тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастархони идона ороста, онро бо хӯрокҳои миллии тоҷикона аз қабили ҳафтсину ҳафтшин ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ оро доданд.Сараввал аҳли ҳозиринро раиси ноҳия Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик гуфта, дар кишту кори баҳорӣ ба сокинони ноҳия муваффақият орзу намуд. Ҳамзамон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро бо Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик намуданд. Дар идома  фаъолони ноҳияи Муъминобод бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуда, ҳозирин аз ҳунарҳои мардумии ташкилотҳои ибтидоӣ дидан намуданд.