НАВРӮЗ НИШОНАИ ТАМАДДУНОФАРИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Муъминобод: Андеша  

Наврӯз яке аз қадимтарин ва олитарин ҷашнҳои миллати тоҷик буда, пайдоиши он таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Халқи тоҷик Наврӯзро ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, ғалабаи равшанӣ бар тирагӣ, пирӯзии ҳастӣ бар нестӣ ҷашн мегиранд. Вожаи Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон ба маънои рўзи нав, зиндагии нав, рўзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи кушодани оғуши меҳр ба сӯйи дӯстону пайвандон аст. Мардум дар ин рӯз ба дидорбинии ҳамдигар рафта, кинаҳоро аз дил дур мекарданд, барои ҳам дастурхони пур аз нозу неъмат мекушоданд ва ба шукронаи расидан ба баҳори наву зиндагии нав ҷашн меоростанд.  Ин азнавэҳёшавӣ, ҷузъи фарҳангу тамаддуни қавмҳои ориёнажод буда, инсониятро барои руҷуъ намудан ба зиндагии беҳтар, майл намудан ба дӯстӣ, бахшидани гуноҳҳои якдигар, боз намудани хони пурнозу неъмат, ба қабули дӯстону пайвандон даъват мекунад.Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихӣ аз қабили «Авесто», «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ҳамчун ҷашни қадимтарин дар рӯи замин нисбат дода шудааст. Арзишҳои фарҳангии Наврӯз, ки бевосита арзишҳои фарҳангии ниёгони мо маҳсуб мешаванд, тавассути китоби «Авасто» то ба замони мо расидаанд.Вале аксари сарчашмаҳои муътамади таърихӣ пайдоиши ин ҷашнро ба даврони салтанати шоҳ Ҷамшед нисбат додаанд. Тахти Ҷамшед аввалин қадамгоҳи устувори ҷаҳонишавии Наврӯз буд, ки бо шукӯҳу шаҳомат дар сатҳи баланди давлатӣ баргузор мегашт. Дар тули таърих бисёр кӯшишҳо барои аз байн бурдани фарҳангу тамаддуни ориёиҳо ба кор бурда шудаанд, аз ҷумла арабҳо баъди забт намудани давлати форс барои нест кардани иди Наврӯз талош кардаанд, вале иродаи мустаҳками мардуми ориёинажод ва ихлосу эътимоди мардум ба ин ҷашни сартопо миллӣ ин ҷашнро на танҳо пос дошту нигоҳ дошт, балки бо диди наву тоза то ба имрӯз дар шакли мукаммал гардида ба мерос гузошт. Наврӯзро, ки таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ, дӯстиву ваҳдат ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, миллату халқиятҳои дигар чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, имрӯз ин ҷашнро дар сартосари ҷаҳон бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ яъне Наврӯз ҷашн мегиранд, ки ормону арзишҳои волои он ба тамоми инсоният тааллуқ доранд. Имрӯз Тоҷикистон Наврӯзи Хуҷастапайро дар марҳилаи нави таърихии худ, яъне дар шароити истиқлоли давлатӣ, дар даврони созандагиву бунёдкориҳо ва рушди устувор таҷлил менамояд. Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Исмоили Сомонию Рӯдакӣ аз нав эҳё намуд ва шукӯҳи тоза бахшид.

Сайрамби Ҷалилова-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод