ШИНОНИДАНИ НИҲОЛҲОИ ҲАМЕШАСАБЗ ВА ГУЛҲОИ ОРОИШӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ДЕҲАИ ТУТҚАВУЛ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тозаю зебо гардонидани маҳалли зист ва сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Муъминобод бо маром идома доранд.

Ҷиҳати ободу зебо гардонидани гушаю канори ноҳияи  имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 –и ноҳияи Муъминобод  аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар заминҳои гирду атрофи муассисаи таълимӣ гулҳои ороишӣ шинонида шуд.