ҶАШНИ НАВРЎЗ ЯКЕ АЗ МУБОРАКТАРИН ҶАШНҲОИ МИЛЛИИ МО ТОҶИКОН АСТ.

Муъминобод: Андеша  

Ҷашни Наврўз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон маҳсуб мешавад, ки аз замонҳои қадим то ба имрўз бо ғояҳои олии башардўстона – дўстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондўстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Наврўз бо обу хок, марзу бум ва рўҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрўз рўзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондўсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд. Дар айёми Наврўз табиат эҳё мегардад, инсон нерўи нав мегирад, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон амалҳои саховату накўкорӣ ва хайру савобро ба ҷо оварда, ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд.

Хулоса бояд гуфт, ки ҷашни байналмилалӣ Наврўзи Аҷам шодмониву осудагӣ хостан барои тамоми одамизод аст. Пас моро зарур аст, чун одату суннати пешинаамон ба баҳори нав, баҳри таҷлили Наврўзи байналмилалӣ, ки оғози соли тақвими ориёист, бо қадамҳои устувору бунёдкор, азму иродаи нав қадам ниҳода, дар шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Раҳимов Ф.