МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ВОЛИДАЙН МЕБОШАД

Муъминобод: Андеша  

Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзан соли 2010 лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба муҳокимаи умум пешниҳод гардида, баъди муҳокимаву баррасии ҳамаҷонибаи аҳли ҷомеа аз тарафи парламенти кишвар қабул карда шуд.

Дар моддаи 7-уми ин Қонун омадааст: “Падару модар уҳдадоранд, ки донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар таълиму тарбияи фарзанд назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълиму тарбияи фарзанд мунтазам ҳамкори намоянд. Пас ҳам омӯзгор ва ҳам волидайн дар тарбияи фарзанд бояд масъулиятро дарк намоянд. Барои бакамол ранондани фарзанд ва шогирди муаддаб  бо ҳамдигар ҳамкорӣ  намуда, ба мақсади дар пеш гузошта шуда ноил шаванд”.

Воқеан ҳам ҳар як волидайн бояд ҳамеша фарзанди хешро таҳти назорати худ гирад нагузорад, ки  он вақти худро бо дигар корҳо гузаронад. Чихелеки мутафаккир ва файласуфи асри миёнагии тоҷик Муҳаммад Ғазоли дар мавриди аҳамият ва рисолати волидайн ва омӯзгор чунин гуфтааст: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бируяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди неки накунӣ”