Наврӯзи хуҷаста

Муъминобод: Андеша  

“Наврӯз” маънои “ Рӯзи нав”. Ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав аст. Наврӯз- яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Чи тавре, ки мову Шумо аз таърих медонем, аввалин нафаре, ки иди Наврӯзро ҷашн гирифтааст, як подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд.  Мутобиқи тақвими аҷдодиямон ва низоми ҳаракати саёраҳо 21- уми марти ҳудуди шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, Наврӯз фаро мерасад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21- уми март ҷашн гирифта мешавад. Бархе аз муҳаққикони  оинҳои Наврӯзӣ бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои Туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии  мардуми худ ҷашн мегиранд. Бо таваҷуҳ ба ин, ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таъхрихӣ доштанд, ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна ба вижа Узбекҳо, Қирғизҳо, Қазоқҳо ва Туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ,  иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофиёӣ густариш ёфтааст. Ҳоло, ки дар шаҳрҳои марказӣ Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термез, Деҳнав, ки мардуми Тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин мантиқ тоҷик ҳастанд, сунат ва анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми Узбек низ бо чунин расм аз Наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Аз таърихи ҷашни Наврӯз роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумоти мустақим ва пурмаъно дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин-вал-аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст.

Каримова Миҷгона мутахассиси бахши омор ва махзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод.