ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ...

Муъминобод: Андеша  

Мулоқоте, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 март дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин доир намуданд, дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯз бисёр саривақтӣ ва муҳим арзебӣ мегардад.

Ба ман муаяссар гардид, ки дар қатори дигар иштирокдорони мулоқоти мазкур аз суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат баҳравар гардида, бо ҳисси баланди масъулият барои риоя ва тарғибу ташвиқи ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат беш аз пеш камари ҳиммат бандам.

Зимни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тадкид намуда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Мутаассифона имрӯз низ риоя нагардидани қонунҳои зикргардида аз ҷониби аҳли ҷомеа мушохида гардида, зиёдаравӣ дар баргузории маъракаҳои динӣ ва маросимҳои дигар ба назар мерасад. Имрӯз дар байни мардум маросими сафари чандкаратаи сокинон ба ҳаҷҷи умра ва баргузор намудани маъракаҳои ҳоҷиталбону ҳоҷибинон бо хароҷоти аз ҳад зиёд ба назар мерасад, ки ин ба паст гардидани сатҳи зиндагии мардум оварда мерасонад. Бо ёдоварӣ аз фармудаҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ бори дигар таъкид гардид, ки исрофкоронро Худои таъоло дӯст намедорад.

Нафароне, ки шароити сафари дубораву себораи умраро доранд, метавонанд барои дастгирии ятимону ниёзмандон ин маблағҳояшонро сарф намоянд, чунки шод намудани дили бечорагон савоби на камтар аз ҳаҷро дорад. Чуноне ки фармудаанд:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,     

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст,

Каъба бунёди Халили Озар аст,

Дил гузаргоҳи Ҷалили Акбар аст

Дар баробари ин, Сарвари давлат ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ диққати аҳли ҷомеаро ҷалб намуданд.

Чун як фарди ватандӯст Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар амалӣ намудани арзишҳои миллию динӣ мо пеш аз ҳама бояд манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузорем ва ба қадри соҳибистиқлолӣ ва амнияти кишвар бирасем, чунки ватандӯстӣ низ аз гӯшаи имон аст.

С.Ҷалилова-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод