ТАЪМИРИ СИНФХОНАҲО БО ТАҶҲИЗОТҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР ДАР МТМУ №2

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва нақша – чорабиниҳо бахшида ба 35-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ аз ҷониби сокинону фаъолон дар ҳар шаҳру деҳот бо маром идома дорад.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз корҳои таъмирии бинои  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №2-и ноҳияи Муъминобод боздид намуданд дар рафти боздид маълум гардид, ки корҳои таъмири босифат ва дар ҳолати муаяншуда анҷом ёфта  ва синфхонаҳо барои хонандагон бо таҷҳизотҳои замони муосир муҷҷаҳаз гардонида шудаанд.