ҲАФТАИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗИ ДАР ГИМНАЗИЯИ ДАВЛАТИИ «ҲИММАТ»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар Гимназияи давлатии «Ҳиммат»-и ноҳияи Муъминобод ҳафтаи шоири шинохтаи тоҷик Ҳофизи Шерози доир гардид. Дар чорабинии мазкур хонандагон ва омӯзгорон  фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни чорабинии мазкур аз  ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки Ҳофизи Шерозӣ, ки маҳз бо ҳамин ному тахаллус оламгир шудааст, боиси ифтиҳор ва сарбаландии мардуми Аҷам аст. Беш аз шашсад сол осмони фарҳангу адаби тамадуни башариро чун хуршеди тобон нуру зиё бахшидааст. Ғазалҳои шӯрангезу диловезаш ба дардҳо дармон, ба ҷонҳо сомон ҳадя бинмуда, зиндагии инсонҳои сайёраро боз ҳам ширину рангин намудаанд. Аз ин хотир, пеши пояш бузургтарин шаҳсиятҳои дунё сари таъзим фурӯд оварданд. Вале ҳаёти ин марди бузургвор пур аз ҳодисоти рангин аст. Бобои Ҳофиз аз дехди Кӯҳпоя буд, ки дар охирҳои асри XIII аз он ҷо ба Шероз омад ва ба корҳои савдо ва бозаргонӣ шугл варзид. Падари Ҳофиз Баҳоуддин дар шаҳри Шероз ба дунё омад. Ӯ пас аз хату савод пайдо кардан ҳамроҳи падараш ба тиҷорат машгул гардид. Ана дар ҳамин оила соли 1325 дар Шероз Ҳофиз ба дунё омад