ВОХУРИ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ҲХДТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ДЕҲАИ ДЕҲИБАЛАНД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод оид ба баргузор намудани суҳбату мулоқотҳо бо аъзои ташкилоти ибтидоии деҳаи Деҳибаланд доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар соли 2023-2024, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  риояи қонунҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Муъминобод бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳияви Суҳроби Бозорали суҳбату мулоқот доир карда шуд.

Қайд карда шуд, ки хизмати Ватан – Модар яке аз вазифаҳои муқаддас ва асосии ҳар як ҷавон ва сокини мамлакат ба ҳисоб рафта, ҷавононро зарур аст, ки баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ва посдории сулҳу субот дар мамлакат ҳамеша омода бошад. Чунки ояндаи неки ин сарзамин аз ҷавонони донишманду шуҷо вобастагии махсус дорад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар барои таълиму тарбия ва хизмати ҷавонон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ тамоми шароити созгорро муҳаё намудааст.

Дар идомаи  вохӯри аз ҷониби баромадкунандагон доир ба фаъолият ва пешрафту бунёдкориҳои ҲХДТ дар 29 соли ҳукмронӣ сухан ронда, иброз намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сафи худ нерӯи тавонои зеҳниву ақлонӣ, намояндагони тамоми табақаҳои аҳолӣ, зиёиён, коргарон, кишоварзон, занону ҷавононро муттаҳид намуда, ба як қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст. Яке аз маҳбубияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин манфиатҳои Ватану миллат, ҳимояи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъмини амният ва суботи ҷомеаро ба мақоми аввал гузошта, таъмини зиндагии шоистаи мардумро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.