БАРРАСИИ ПАЁМ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ МУЪМИНОБОД

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади расонидани муҳтаво ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 - уми феврали  соли 2024 дар Ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо иштироки зиёда аз 300 нафар фаъолону сокинони ҷамоат ва намояндагони ВАО - и ҷумҳурӣ вохӯрии судманд доир карда шуд.     

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин иштирок намуда, вобаста ба баррасии нуқтаҳои асосии Паём суханронӣ намуданд.

Иброз гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа дода, сол то сол шароит ва имкониятҳои муосирро барои пешрафти ин соҳа таъмин карда истодааст.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Иброз гардид, ки Паёми Президенти кишвар моро вазифадор менамояд, ки ҳар як нуқтаи онро дар кору зиндагӣ ҳамчун дастурамал истифода бурда, дар амал иҷро намоем.