АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МТМУ №8

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод  дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод аксияи ниҳолшинониро роҳандозӣ намуданд.

Дар аксияи ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолон иштирок намуда, зиёда аз 150 адад дарахти арча шинониданд. Чунин иқдомҳо дар ҳудуди ноҳия низ бо ибтикори ҳизбиёни ноҳияи Муъминобод идома дода мешаванд.