ВОХӮРӢ БО ЭМОМХАТИБОН ҶИҲАТИ ТАЪМИНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 13-уми январи  соли 2024  тибқи нақша-чорабини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Муъминобод   раиси КИ ноҳияви Мирзобаротзода Салоҳиддин,  Раҳимов Фурқат мудири шуъбаи кор боҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо  эмомхатибон вохӯрӣ доир намуданд .

Зимни вохури бо эмомхатибон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон », ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти, ва риояи қонунҳои миллӣ сӯҳбатҳо баргузор гардид

Зимин суҳбат қайд гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007, №272 қабул карда шуд, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат мардумӣ буда, дар он манфиатҳои табақаҳои  гуногуни аҳолӣ ба инобат гирифта шудааст.        

Дар идомаи вохӯри қайд гардид, ки даврони Истиқлолият барои мо  имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озоданаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.