МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТИ «ДЕҲАИ КУЛЧАШМА»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Деҳаи Кулчашма» - и ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони кумитаи иҷроия Раҳимов Фурқат, мудири шуъбаи таблиғот Суҳроби Бозоралӣ ва аъзои ташкилоти мазкур маҷлиси ҳисоботӣ гузаронида шуд.

Дар кори маҷлис масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии «Деҳаи Кулчашма» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

2. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои фаъолияти соли 2024;

3. Қабули қарорҳо вобаста  ба ҳаракати аъзои ҳизб;

4. Масъалаҳои ташкилӣ.

Инчунин, дар фарҷоми маҷлис ба масъалаҳои пешгирӣ аз омилҳои хатарноки таъсиррасон ба мафкураи миллии ҷавононро,  бо номи ташкилот кушодани саҳифаи фейсбукӣ ва дар таблиғи сиёсати давлат ва ҳизб фаъол будан ва ҳиссагузорӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал, ятимону маъюбон ва шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.