ҲАФТАИ НИЗОМИ ГАНҶАВӢ ДАР МТМУ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Муъминобод ҳафтаи шоири шинохтаи тоҷик Низоми Ганҷавӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур хонандагон ва омӯзгорон  фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни чорабинии мазкур аз  ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки Низомии Ганҷавӣ (тахминан 1141 – 12 марти 1209).

Монанди он ки пеш ва пас аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, рубоиёти Хайём ва қасидаҳои Носири Хусрав маснавиҳои қаҳрамонӣ, рубоиёт ва қасидаҳои динию ахлоқӣ бисёр гуфтаанд, вале касе ба пояи онҳо нарасидааст, ҳеч шоире низ на пеш ва на пас аз “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ асаре наофаридааст, ки бо он баробарӣ бикунад.

Шоир панҷ маснавӣ – панҷ ганҷашро, барҳақ, “навгул”, “сухани нав”, “ҳайкале аз қолаби нав”, “дуре аз баҳри нав”, “баҳори нав”, “сеҳре дигар”, “тозаарӯс”, “абёти нав”, “гавҳари носуфта”, “кони нав”, “бикрони пардагӣ”, “тарзи нав”, “навои ғариб” номидааст ва дар ин арзёбиҳояш ҳеч дурӯғе нагуфтааст ва заррае зиёдаравӣ накардааст.

Дар фарҷом бо қироати шеърҳои Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби хонандагон чорабинии мазкур хотима ёфт