ДАСТГИРӢ АЗ КӮДАКОНИ МАЪЮБУ БАРҶОМОНДА ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ.

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ кӯмаку дастгирӣ ва зери таваҷҷуҳ қарор додани маъюубону барҷомондагон ба шумор рафта, пайваста ин қишри ҷомеа мавриди навозишу парастории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода мешавад.

Бо ин мақсад дар арафаи Соли навӣ мелодӣ аз ҷониби шахси саховатпеша, роҳбари Муассисаи хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод Раҷабов Раҷабалӣ Бобоевич  ба зиёда аз 60- нафар шахсони маъюби ноҳия тӯҳфаҳои Соли навӣ ва маводҳои доруворӣ расонида шуд. Ин иқдом дар дигар иду ҷашнҳои миллӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ аз ҷониби Муассисаи хоҷагии ҷангали Муминобод расонида мешавад.