Солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 23-уми декабри соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12- и ноҳияи Муъминобод чорабинӣ бахшида ба 20 солаи омӯзиши рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ доир гардид. Дар чорабинии мазкур хонандагон ва омӯзгорон иштирок ва суханваронӣ намуданд.

Зимни чорабини аз ҷониби устодон қайд гардид, ки эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маъориф” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдади миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимони соҳаи илмҳои дақиқ, махсусан ба риёзидонони мамлакат рўҳи илҳоми эъҷодӣ бахшид. Ин паём барои мардуми Тоҷикистон, бахусус омўзандагони фанҳои табиатшиносӣ муҳимму сарнавиштсоз ба шумор меравад.