ҲАФТАИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ ДАР МТМУ №50

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 19-уми декабри соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Муъминобод ҳафтаи шоири шинохтаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур хонандагон ва омӯзгорон  фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни чорабинии мазкур аз  ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки Камоли Хуҷандӣ шоири ширинкаломи форсу тоҷик буда, дар ҳунари ғазалсароӣ бо шоирони машҳури форсу тоҷик аз ҷумла, бо  Саъдиву Ҳофиз дар як мавқеъ қарор дорад. Камоли Хуҷандӣ соли 1318 дар соҳили дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Овони кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоияшро дар зодгоҳаш гирифта, барои такмили илму дониши худ ба шаҳрҳои Самарқанду Тошканд ва Хоразм сафар намуда,  бо зеҳни фавқулодаи худ ҳамаи илмҳои замонашро аз бар намудааст. Дар асари худ «Нафаҳот-ул-унс» Абдураҳмони Ҷомӣ овардаанд, ки шоир дар шаҳри Шуш дар назди орифи машҳури ҳамон замон  Шайх Хоҷа Убайдуллоҳ ба шогирдӣ истода илмҳои замонаашро аз бар намудааст.

Дар фарҷом бо қироати шеърҳои Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби хонандагон чорабинии мазкур хотима ёфт.