САРФАРОЗ ГАРДОНИДАНИ СИПОСНОМАҲОИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ТАҲТИ УНВОНИ «ҲХДТ ҲИЗБИ СОЗАНДА»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 5-уми декабри соли ҷорӣ дар асосои нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2- ноҳия озмуни иншои беҳтарин зери унвони «ҲХДТ - ҳизби созанда» доир гардид. Озмуни беҳтарин иншо миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудудин ноҳия гузаронида шуд.

Дар озмуни иншои беҳтарин хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод фаъолона иштирок намуда, беҳтаринҳо ба Cипоснома ва тӯҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.

Зимни чорабини аз ҷониби Раҳимов Фурқат мудири шуъбаи кор боҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ноҳияви доир ба фаъолият ва пешрафту бунёдкориҳои ҲХДТ дар 29 сол  сухан ронда, иброз намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сафи худ нерӯи тавонои зеҳниву ақлонӣ, намояндагони тамоми табақаҳои аҳолӣ, зиёиён, коргарон, кишоварзон, занону ҷавононро муттаҳид намуда, ба як қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст. Яке аз маҳбубияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин манфиатҳои Ватану миллат, ҳимояи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъмини амният ва суботи ҷомеаро ба мақоми аввал гузошта, таъмини зиндагии шоистаи мардумро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.