ВОХӮӢ ДАР МТМУ №6

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳия вохӯри бо хонандагон ва омӯзгорон доир гардид.

Зимни вохӯри аз ҷониби баромадкунандагон доир ба фаъолият ва пешрафту бунёдкориҳои ҲХДТ дар 29 сол сухан ронда, иброз намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сафи худ нерӯи тавонои зеҳниву ақлонӣ, намояндагони тамоми табақаҳои аҳолӣ, зиёиён, коргарон, кишоварзон, занону ҷавононро муттаҳид намуда, ба як қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст. Яке аз маҳбубияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин манфиатҳои Ватану миллат, ҳимояи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъмини амният ва суботи ҷомеаро ба мақоми аввал гузошта, таъмини зиндагии шоистаи мардумро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.