САНГФАРШКУНӢ АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН ДАР КӮЧАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша – чорабиниҳо бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ аз ҷониби сокинону фаъолон дар ҳар шаҳру деҳот бо маром идома дорад.

Дар доираи ин иқдом бо мақсади ҳиссагузорӣ дар пешрафту ободии диёр аз ҷониби оилаи Мирзобаротовҳо ва аъзою кормандони ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони Ҷамоати шаҳраки ноҳияи Муъминобод ва дастигирию роҳнамоиҳои бевоситаи раиси ноҳия, муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф  гузаргоҳи кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ ҳамвор ва сангфарш карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки сокинони ноҳияи Муъминобод бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки дар ободиву пешрафти ноҳия саҳмгузор бошанд, то ба ин васила тавонанд, ки дар рушду нумуи як гӯшаи кишвари азизамон нақши арзандаи хешро гузошта бошанд.