ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ЧИЛДУХТАРОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сана 28-уми ноябри соли ҷорӣ бо мақсади таъмини Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Ҷалилова Сайрамбӣ бо сокинони деҳаи Чилдухтарон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ бештар масъалаҳо доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд карда шуд, ки ҳимояи манфиятҳои иҷтимоии мардум барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфияти иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, мусоидат карда метавонад.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки вазифаи асосии падару модар ин тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиятҳои фарзанд мебошад.